18 марти соли 2024 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қ. Шарипов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот, ҳолати кунунӣ ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои маориф, илм ва инноватсия баррасӣ гардида, мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯен, конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобила, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф муҳокима гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо Форуми дуюми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки моҳи апрели соли 2024 дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст баррасӣ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan