Мулоқот бо директори иҷроияи Маркази Байналмилалии Савдо

16.04.2024 17:31

16,04,2024,17,34.jpg

15 апрели соли 2024 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо хонум Памела Коук-Ҳамилтон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо дар татбиқи лоиҳаҳои ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ, стратегияи тиҷорати электронӣ ва дигар самтҳои рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим