Иштирок дар иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)

26.04.2024 10:23

22-23 апрели соли 2024 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЭСКАТО Ардашер Қодирӣ дар иҷлосияи 80-уми ЭСКАТО ширкат варзид. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар мавзуъҳои истифодаи рушди рақамӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором ва масоили кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тарақии маҳсур ба хушкӣ ва кишварҳои ҷазиравии рӯ ба тараққӣ баромад намуд.

А. Қодирӣ нақши ташаббусҳо ва стратегияҳои миллии кишварро, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ мебошанд, қайд намуд. Таваҷҷуҳи хос ба барномаҳои калидӣ ба монанди Консепсияи иқтисоди рақамии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисод (2021-2025) ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона гардид. Инчунин саҳми Тоҷикистон дар Даҳсолаи об ва нуктаҳои Конфронси оби СММ аз соли 2023 манзур гардиданд.

Ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон ҳозиринро ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим