20 апрели соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар меҳмонхонаи Гранд Ҳабтур бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии муқими АМА, меҳмонони маҳаллӣ ва ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими АМА ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ ҷиҳати муаррифии тамаддуни пурғановати миллӣ гӯшаи фарҳангӣ бо хӯроку шириниҳои наврӯзӣ ва хони ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, созҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ба намоиш гузошта шуданд.
20 апрели соли 2024 дар чойхонаи тоҷикии “Роҳат” дар шаҳри Киев ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки ҳамватанони муқими Украина ва меҳмонони украинӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили наврӯзӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода ҳозиринро ба муносибати соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ёдовар шуд, ки ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, тантанаи зиндагӣ ва зебоии баҳор мебошад, ҳоло ҷуғрофиёи худро хеле васеъ карда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии тамоми башарият эътироф шудааст.
22 апрели соли 2024 ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Филармонияи давлатии Беларус чорабинии идона ва барномаи консертии ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми парлумон, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарону кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои фарҳангӣ, аҳли зиё, васоити ахбори омма, инчунин теъдоди зиёди ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan