2 майи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо мудири кулли Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) Фрэнк Рейсберман баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо мавзуъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва GGGI-ро дар заминаи энергияи таҷдидшаванда ва рушди устувор баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин иштироки намояндагони ниҳоди номбурда дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, матраҳ гардид.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan