Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон

10.05.2024 12:31

8 майи соли 2024 дар Теҳрон давраи дувуми машваратҳои сиёсӣ миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Эрон Алӣ Боқирӣ роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити гуногунҷанбаи ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин табодули назар доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Амир Абдуллоҳиён ба ҳузур пазируфта шуд.

Зимни ин мулоқот ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳоро ҷиҳати иҷрои тавофуқоти ба даст омода миёни роҳбарияти олии ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин мулоқотҳои муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломи Эрон Маҳди Сафарӣ баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ гуфтугу намуданд.

Дар фарҷоми сафар муовини вазири корҳои хориҷӣ Ф. Шарифзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Хусрав Нозирӣ мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур, баргузории чорабиниҳои муштаракро дар доираи фаъолиятҳои ин Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим