Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шимол ва ғарб бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 км-ро ташкил мекунад, ки аз он:
Масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекситон ҳалли худро ёфтааст. Раванди демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идома дорад.
Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Аҳдномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сарҳади давлатӣ аз 05.10.2002 ва аз 09.03.2018;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12.02.2002.
Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад:
№ |
Гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Минтақаи ҷойгиршавӣ
|
Мақоми гузаргоҳи сарҳади давлатӣ |
1 |
Айвоҷ автомобилгард |
ноҳияи Шаҳритуз, вилояти Хатлон |
байналмилалӣ |
2 |
Дӯстӣ автомобилгард |
ш. Турсунзода |
байналмилалӣ |
3 |
Фотеҳобод автомобилгард |
ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Суғд |
байналмилалӣ |
4 |
Патар автомобилгард |
ш. Конибодом, вилояти Суғд |
байналмилалӣ |
5 |
Саразм автомобилгард |
ш. Панҷакент, вилояти Суғд |
байналмилалӣ |
6 |
Истиқлол роҳи оҳан |
ш. Конибодом, вилояти Суғд |
байналмилалӣ |
7 |
Нов роҳи оҳан |
ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд |
байналмилалӣ |
8 |
Хошади роҳи оҳан |
ноҳияи Шаҳритуз, вилояти Хатлон, |
байналмилалӣ |
9 |
Пахтаобод роҳи оҳан |
ш. Турсунзода |
байналмилалӣ |
10 |
Равот автомобилгард |
ш. Конибодом, вилояти Суғд |
дутарафа |
11 |
Хаштяк автомобилгард |
ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд |
дутарафа |
12 |
Навбунёд автомобилгард |
ноҳияи Ашт, вилояти Суғд |
дутарафа |
13 |
Куштегирмон автомобилгард |
ноҳияи Спитамен, вилояти Суғд |
дутарафа |
14 |
Зафаробод автомобилгард |
ноҳияи Зафаробод, вилояти Суғд |
дутарафа |
15 |
Хаватаг автомобилгард |
ноҳияи Зафаробод, вилояти Суғд |
дутарафа |
16 |
Уротеппа автомобилгард |
ш. Истаравшан, вилояти Суғд |
дутарафа |