Мулоқот бо вазири федералии корҳои хориҷии Швейтсария

03.07.2024 03:53

02.07.2024.23.02.jpg

1 июли соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федералии корҳои хориҷии Швейтсария Инясио Кассис мулоқот намуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбат мавзуҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. 

Ҳамсуҳбатон нақши абзорҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд. Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии кишвар, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи саноат, таъкид гардид.

Аз ҳамкории ду давлат дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор изҳори қаноатмандӣ гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим