Гурӯҳи муштараки назоратӣ

01.03.2013 10:10

Гурӯҳи муштараки назоратӣ, ки ба ҳайати он намояндагони дипломатӣ ва ҳарбии Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Хитой шомиланд, дар асоси Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи мустаҳкам кардани боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ аз 26 апрели соли 1996 ва моддаи 10-уми Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ба таври муштарак ихтисор намудани қувваҳои мусаллаҳ дар маҳалли сарҳад аз 24-уми апрели соли 1997 ташкил шуда, фаъолияти хешро аз соли 1999 оғоз намудааст.

Мақсад аз ташкили Гурӯҳи муштараки назоратӣ назорати иҷрои ӯҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз Созишномаҳои номбурда бармеоянд, мебошад.

Дар Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи мустаҳкам кардани боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ аз 26 апрели соли 1996 муқаррарот дар бораи ба ҳамдигар ҳамла наовардан дар минтақаи сарҳадӣ, манъ кардани гузаронидани моневрҳои ҳарбӣ, ки зидди якдигар равона шудаанд, ихтисор кардани андоза, соҳа ва шумораи омӯзишҳои ҳарбӣ, огоҳонидани якдигар дар бораи гузаронидани фаъолияти ҳарбӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ дар масофаи то 100 км дар дохили кишвар, даъвати якдигар ба омӯзишҳои ҳарбӣ, пешгирӣ кардани фаъолияти ҳарбии хатарнок, тақвият додани мубодилаи дӯстонаи қувваҳои мусаллаҳ ва қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар минтақаҳои сарҳадӣҷойгиранд, пешбинї шудааст.

Пас аз як соли қабули Созишномаи номбурда, 24-уми апрели соли 1997 Созишнома байни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ба таври муштарак ихтисор намудани қувваҳои мусаллаҳ дар маҳалли сарҳад ба имзо расонида шуд.

Ҷиҳати иҷрои Созишномаи мазкур, Тарафҳои он қувваҳои мусаллаҳ, ки дар минтақаҳои сарҳадӣҷойгир шуда буданд, аз ҷумла қувваҳои хушкигард, қувваҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва қӯшунҳои сарҳадї, ҳамчунин намудҳои асосии аслиҳаи хешро то шумораи барои мудофиа зарурбуда ихтисор намуданд. Тарафҳо ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки нисбати якдигар аз қувва истифода нахоҳанд кард ё бо истифода аз он таҳдид нахоҳанд намуд.

Ҷаласаҳои Гурӯҳи муштараки назоратӣ соле ду маротиба бонавбат дар қаламрави кишварҳои аъзои Созишномаҳои номбурда баргузор мегарданд. Дар давраи то охири соли 2013, 29 ҷаласаҳои муштарак гузаронида шуданд.

Нигористон

Тақвим