Мулоқот бо и.в. дабири кулли САҲА

24.10.2024 16:34

24,10,2024,16,16.jpg

24 октябри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, мудири Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи ин созмон хонум Кейт Фиронро ба ҳузур пазируфт. 

Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои кишвар бо САҲА, сатҳи кунунии робитаҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъда дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Инчунин ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд дар самти муқовимат алайҳи таҳдиду чолишҳои муосир изҳори омодагӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим