4 ноябри соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар ҳошияи 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул дар мулоқоти муштараки сарони ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл иштирок кард.
Дар суҳбат муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёму таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муҳтарам Юн Сок Ёл ва мардуми Ҷумҳурии Корея расонид.
Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Корея дуруд ва таманниёти неки худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Бо таъкиди ҳавасмандӣ ба муҳиммияти тавсеаи минбаъда, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Кореяро матраҳ намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan