5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Сеул муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Корея оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонии Лим Син Мук мулоқот кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз имзои Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Корея истиқбол намуда, дар мавриди татбиқи он, аз ҷумла таъсиси Маркази низоми иҷозати шуғл дар Тоҷикистон ва фиристодани шаҳрвандони кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Корея мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan