Конфронси навбатӣ дар доираи Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм

07.11.2024 10:37

4-5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайт Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории байналмилалии зиддитеррористӣ ва бунёди механизмҳои самараноки бехатарии сарҳадӣ – марҳилаи кувайтии Раванди Душанбе» баргузор гардид.

Конфронси мазкур дар якҷоягӣ бо СММ ва Давлати Кувайт баргузор гардида, он идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», аввалин конфронси муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ, ки соли 2018 оғоз гардидааст, маҳсуб меёбад.

Конфронсро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал Холид Ал Сабоҳ ва муовини Дабири кулли СММ оид ба мубориза бо терроризм Владимир Воронков ҳусни оғоз бахшиданд.

Тибқи барномаи Конфронс дар баробари якчанд сессияи мавзуӣ, инчунин сессияи сатҳи вазирон баргузор гардид, ки онро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Давлати Қувайт Абдуллоҳ Али Ал-Яҳё ҳамраисӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни сухани ифтитоҳии худ зикр намуд: “Таҳаввулоти охирини амнияти байналхалқӣ беш аз пеш зарурати андешидани чораҳои катъиро барои нигоҳ доштани сулҳи сартосарӣ дар ҷаҳон тақозо менамояд. Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм платформаи арзишманд барои муколамаи созанда буда, вокуниши дастаҷамъонаи моро ба чолишҳои мураккаби амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ пеш мебарад”.

Конфронс бо қабули Эъломияи Кувайт оид ба амният ва мудирияти сарҳад, ки нақши муҳими бисёрҷонибаро (мултилатеризм) дар таҳкими амнияти сарҳад ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористҳо аз сарҳад дар саросари ҷаҳон таъкид мекунад, анҷом ёфт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим