Ҷаласаи солонаи Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025

19.11.2024 14:43

18 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи солонаи Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои донори барномаи UNODC ширкат варзида, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский суханронии ифтитоҳиро ироа намуданд.

Дар рафти чорабинӣ модератори вохӯрӣ намояндаи минтақавии UNODC дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Оливер Штолпе,  оид ба дастовардҳои асосии барнома дар соли 2024 гузориш дода, сарони ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда роҷеъ ба натиҷаҳои ҳамкорӣ дар ин самт маълумот пешниҳод карданд. Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи кории муштарак барои соли 2025 муаррифӣ шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим