Ишғоли ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»

18.11.2024 23:23

20.11.2024.18.22.jpeg

Аз 11 то 14 ноябри соли 2024 бо мақсади таҳкими нақши занон дар хизмати давлатӣ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Ин иқдом ба тақвияти бештари мақоми зан дар ҷомеа нигаронида шуда, як ҷузъи татбиқи нақшаи амалест, ки дар Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2022-2030 пешбинӣ гардид.

Котиби сеюми Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорат Гулбонуи Фазлиддин дар озмуни мазкур иштирок намуда, дар байни хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷойи 1-умро ишғол намуд.

Дар рафти конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки даври ҷамъбастии озмун буд, ғолибон бо дипломҳо, ҷомҳои ифтихорӣ ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим