11 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопонро баррасӣ намуда, атрофи тамосҳои дарпешистодаи байни ду кишвар дар сатҳи олӣ ва баланд мубодилаи афкор карданд.
Сафири Ҷопон барои ҳамкориҳои судманд ва мусоидати зимни фаъолияти дипломатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, изҳори сипос намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan