Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷи Шуминро ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин ба сафир Ҷи Шумин барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори сипос намуд.
Сафир Ҷи Шумин барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар ҷараёни сафараш дар кишвари мо изҳори сипос намуда, ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Чин изҳори умедворӣ кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan