30 июни соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба Қирғизистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳузур пазируфта шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров расонид.
Таъкид гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳарду давлат муносибатҳои дуҷониба мунтазам рушд карда, тамоюли расидан ба сатҳи сифатан нави ҳамкориро дорад.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва фаромарзӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Садир Жапаров ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ Созишномаи таърихии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин замина ӯ ба зарурати фаъолсозии ҳамкориҳои минтақаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Дар навбати худ Сироҷиддин Муҳриддин омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ изҳор дошт.
Роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон азми қавии кишварро ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанба бо Қирғизистон таъкид кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan