Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 14-15 июли соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд.
Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои узв раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ тирамоҳи соли ҷориро ба таври муфассал муҳокима карда, инчунин дар бораи самтҳои авлавиятдори ҳамкории давлатҳои узв дар шароитҳои нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалию минтақавӣ табодули назар анҷом доданд.
Дар суханронии худ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи кишварро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи СҲШ бо тамаркуз ба мавзуъҳои таъмини амният ва субот, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва пешбурди амалии масъалаҳои такмил додани фаъолияти Созмон иброз намуд.
Аз натиҷаи ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи Эъломияи Тянҷини Шурои сарони давлатҳо, Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035, дигар қарорҳо ва изҳороти муштараки сарони давлатҳоро барои корбарии минбаъда ба асос гирифтанд.
Дар чорчӯби ҷаласаи ШВКХ СҲШ роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфта шуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan