Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

15.07.2025 18:58

15 июли соли 2025 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар, машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Шарифзода ва вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саад бин Султон Ал Мурайхӣ баргузор гардиданд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона миёни Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки робитаҳои дипломатии ду кишвар дар асоси эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, заминаи мусоиде барои густариши ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо фароҳам овардааст.

Баррасии роҳҳои ҷалби сармояи Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус ба соҳаҳои инфрасохтор ва энергетика, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

Ҷонибҳо масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро низ муҳокима намуданд. Таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва об, инчунин, таҳкими ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии суҳбатҳо буданд.

Машваратҳо дар фазои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба такони нав бахшиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим