Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин

16.07.2025 10:25

16 июли соли 2025 дар Тянҷин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Вазирон ҷараёни татбиқи тавофуқоти дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар Остона дар моҳи июни соли 2025 ҳосилшударо, ки барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ уфуқҳои нав боз карданд, баррасӣ ва муҳокима намуданд.  

Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И инчунин ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.

Роҳбарони мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Чин доир ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ба вежа омодагиҳо ба Саммити дарпешистодаи ин созмон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тянҷзин табодули назар карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим