14 августи соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ иброз доштанд.
Вазири корҳои хориҷӣ ба Го Жиҷун дар фаъолияти минбаъдааш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan