4 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Котиботи «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» дар қолаби С5+1 бо иштироки масъулини аршади вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои минтақа ва котиботи давлатии ШМА баргузор гардид.
Зимни нишаст иштирокдорон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди қолаби мазкури ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Бахусус, роҷеъ ба пешниҳоду тасмимҳои ҷонибҳо дар мавриди таҷлили 10-солагии платформаи С5+ИМА, таҳкими талошҳо дар самти дипломатияи иқтисодӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Форуми B5+1 оид ба пешбурди робитаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва Муколамаи маъданҳои муҳим, инчунин такмили фаъолияти ҳамоҳангсозии Котиботи С5+1 вобаста ба танзими нишастҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои кории соҳавӣ табодули назар анҷом дода шуд.
Намояндагони давлатҳои иштирокдор ҳамчунин ҷузъиёти рӯзномаи чорабиниҳои ба нақша гирифташударо муҳокима намуда, омодагии кишварҳояшонро ҷиҳати тавсеа бахшидани шарикӣ дар ин қолаб изҳор доштанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan