Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати ИМА дар Душанбе бунёд гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.
Cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Фаррух Ҳамрализода (аз соли 2020) мебошад. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер (аз соли 2023) мебошад.
Равобит бо ИМА яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назари ҷонибҳо пеш бурда мешаванд. Ҳамчунин, ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.
Масоили умдаи глобаливу минтақавӣ, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир низ аз ҷумлаи мавзуоти рӯзномаи ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА мебошанд.
Дар рушди муносибатҳои ду кишвар сафарҳои расмии сатҳи баланд ва вохӯриҳои намояндагони Тоҷикистон ва ИМА, ки зимни онҳо ҳолати пешрафти масъалаҳои рӯзномаи ҳамкории ҷонибҳо ва дурнамои онҳо баррасӣ мешавад, нақши муҳим доранд.
Дар давраи 10 соли аввали муносибатҳои дипломатӣ муколамаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону ИМА ба шарофати сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (декабри соли 2002), инчунин боздидҳои кории Роҳбари давлати тоҷикон аз Вашингтон (октябри соли 1997 ва апрели соли 1999) фаъолона рушд ёфт. Ба таҳкими муносибатҳои сиёсӣ байни ду кишвар ҳамчунин сафарҳои котибони давлатии ИМА – Ҷеймс Бейкер III (13-14.02.1992), Кондолиза Райс (13.10.2005), Ҳиллари Клинтон (21-22.10.2011) ва Ҷон Керри (03.11.2015) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Америка он буд, ки 22 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқоти судманду самимӣ ва созанда доир карданд.
Таваҷҷуҳи Конгресс ва роҳбарияти олии ИМА ба робитаҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон тайи солҳои охир афзуда, 23 ноябри соли 2024 сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз иёлати Монтана (аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон), узви Кумитаи Сенати ИМА доир ба энергетика ва захираҳои табиӣ ҷаноби Стив Дейнс бо сафари корӣ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард. Дар рафти ин сафар сенатори америкоӣ бо роҳбарияти кишвар ва Парлумон мулоқот намуд.
ИМА дар доираи барномаҳои бисёрсола барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахшҳои мухталиф, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, амниятӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат мекунад.
Пояи ҳуқуқиву қарордодӣ. То кунун тарафҳо 35 санадро дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонидаанд. Аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Машваратҳои солонаи сиёсӣ (Annual Bilateral Consultations) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА абзори асосии дуҷониба ба ҳисоб рафта, зимни нишастҳои он самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар мавзуоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон ва масоили байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ ва табодули андеша қарор мегиранд.
Ҳамкории Агентии рушди байналмилалии ИМА ва Тоҷикистон
Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (АРБИМА) аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, тавассути лоиҳаҳои гуногун ба рушди соҳаҳои иқтисод, тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ кумак расонидааст.
Барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”-и АРБИМА ба деҳқонон дар афзоиш додани истеҳсоли зироатҳои серғизо саҳм гузоштааст. Дар бахши тандурустӣ аз соли 2003 АРБИМА барномаи мубориза бо эпидемияи ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон ва Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории силро дастгирӣ намудааст.
АРБИМА ба Тоҷикистон дар татбиқи манобеи барқароршавандаи энергия кумак намуда, барои мисол, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар Мурғоб як нерӯгоҳи офтобии 600 киловаттро насб кардааст.
АРБИМА ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба талошҳои Тоҷикистон дар амри рушди соҳа мусоидат кардааст. Соли 2022 Ёдошти тафоҳум оид ба амалисозии Барномаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ИМА ба имзо расид.
Ҳамкорӣ байни шаҳрҳо. 8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расидааст. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер оғоз гардида, соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Бо мусоидати шаҳри Боулдер дар шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе” бунёд шудааст.
Ҳамкории минтақавӣ бо ИМА. Ҷумҳури Тоҷикистон ва ИМА дар чорчӯби қолаби С5+1, ки равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро фаро мегирад, ҳамкорӣ доранд.
Дар доираи қолаби мазкур ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА сурат гирифта, масъалаҳои мубрами минтақавӣ муҳокима мешаванд. Абзори асосии пешбурди ҳамкориҳо дар доираи қолаби мавриди назар гурӯҳҳои кории иқтисодӣ, энергетика ва муҳити зист ва амниятӣ мебошад, ки ҷаласаҳои онҳо солона барпо мешаванд.
19 сентябри соли 2023 сиғаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тариқи баргузории Вохӯрии нахустини сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба сатҳи олӣ бароварда шуд. Дар рафти нишаст сарони давлатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муштараки минтақавӣ, муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир, рушди робитаҳои тиҷоратӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар самти энергетика ва ҳифзи иқлим, ҷалби сармояи ИМА ба соҳаҳои афзалиятнок табодули афкор намуданд. Аз рӯи натиҷаи мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эъломияи муштарак қабул гардид.
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ. Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2023 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 ба андозаи 132% баробар аст.
Сармоягузориҳои мустақими ИМА ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 то 2022 маблағи 485 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаанд.
ИМА дар тӯли 32 соли ҳамкорӣ (1992-2023) ба Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ кумакҳои техникиву молиявӣ пешниҳод намудааст.
17.03.2025