Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар Муколамаҳои сатҳи баланд оид ба низомҳои огоҳии бармаҳал

22.09.2025 20:02

22 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Муколамаҳои сатҳи баланд оид ба суръатбахшии раванди қабули қарорҳо оид ба огоҳии бармаҳал ва мубориза бо гармои шадид иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронии худ бо ишора ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон қайд кард, ки низомҳои огоҳии бармаҳал яке аз василаҳои муассир ҷиҳати мубориза бо обшавии босуръати пиряхҳо ва хатари афзояндаи обхезӣ ва хушксолӣ маҳсуб меёбад.

C.Муҳриддин ҳамчунин ба масоили муҳити зист, об ва иқлим рӯй оварда, дар ин росто ба аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳо барои таъмини устувории ҷомеаҳо ва иқтисодиёти аз обшавии босуръати пиряхҳо осебдида таъкид намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим