22 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд оид ба дипломатияи об, ки муштаракан Тоҷикистон, Финландия ва Сенегал ташкил кардаанд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ С. Муҳриддин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025, инчунин омодагӣ ба Конфронси оби Душанбе 2026 ва Конфронси оби СММ - 2028 дар Душанбе ҷалб намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин омодагии кишварро барои ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ ҷиҳати табдили мавзуи об ба пули ҳақиқӣ барои ҳамкорӣ, рушди устувор ва сулҳ иброз намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan