Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди «Ташаккули ояндаи об»

24.09.2025 08:13

23 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии махсуси сатҳи баланд зери унвони «Ташаккули ояндаи об» иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки об дар ҳалли мушкилоти глобалии имрӯза нақши калидӣ дорад ва ҳамбастагии об, энергетика ва озуқаро ҳамчун имкони табдил додани чолишҳои марбута ба имкониятҳои устувор унвон кард.

С.Муҳриддин бо ишора ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар бунёди иқтисоди сабз ва нақши калидии об дар ин раванд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 98%-и нерӯи барқи кишвар аз ҳисоби нерӯи обӣ тавлид мешавад. Вазири корҳои хориҷӣ обро "бузургтарин ганҷи ҳаёт" номид ва мудирияти фарогири онро барои пешрафти ҷомеаҳо, рушди иқтисод ва ҳифзи экосистемаҳо дар саросари ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим