Мулоқот бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо

15.10.2025 12:18

15.10.2025.12.17.jpg

15 октябри соли 2025 дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба рушди ҳамкориҳо дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаҳои беҳсозии ҳамлу нақли минтақавӣ, соддасозии расмиёти савдо, истифодаи устувори захираҳои об, гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамисозӣ, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим