21 октябри соли 2025 шаҳри Панҷакент расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” аз ҷониби “Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” эътироф гардид, ки ин як дастоварди муҳим дар ҳифз ва рушди мероси бойи фарҳангии Тоҷикистон мебошад.
Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сузанидӯзист, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст.
“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад. Созмони мазкур шаҳрҳоро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ” эътироф менамояд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan