31 октябри соли 2025 дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ, илмҳои табиӣ ва масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми фаъол гузорад.
Ҳамзамон, бо дарназардошти ба итмом расидани ваколати фаъолияти хонум Одрӣ Азуле ҳамчун дабири кулли ЮНЕСКО, миннатдории ҷониби Тоҷикистон барои гузоштани саҳми арзанда ба рушди ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО иброз гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan