Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири давлатии маориф ва омӯзишии касбии Покистон

01.11.2025 15:08

01.11.2025.15.07.jpeg

31 октябри соли 2025 дар ҳошияи иштирок дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии маориф ва омӯзишии касбии Покистон хонум Ваҷиҳа Қамар доир гардид.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Покистон, бахусус имконияти рушди ҳамкориҳо дар доираи ЮНЕСКО дар самтҳои маориф ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро барои фаъолтар гардонидани ҳамкориҳо миёни Комиссияҳои миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО-и ҳар ду кишвар иброз намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим