Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муколамаи Манама иштирок кард

01.11.2025 17:27

31 октябр – 2 ноябри соли 2025 дар шаҳри Манамаи Подшоҳии Баҳрайн муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Муколамаи Манама (IISS Manama Dialogue), ки аз ҷониби Институти байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ (IISS) ва Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн ташкил гардид, иштирок намуд.

Зимни баргузории чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва субот дар минтақа, таҳдидҳои глобалӣ, дипломатияи пешгирикунанда, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика ва амнияти баҳрӣ баррасӣ гардиданд.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд имконият фароҳам овард, ки кишвар мавқеи худро оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ иброз намояд ва робитаҳои мутақобилан судмандро бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим