10 ноябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Исломобод) ҷаноби Себастян Саюсро қабул намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Аргентина дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ бо назардошти зарурати эҷоди заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳо баррасӣ шуд. Хосатан мубрам будани таъсиси абзори машваратҳои сиёсӣ, дарёфти роҳҳои рушди савдо ва тақвияти робитаҳои байнимардумӣ ба муносибати таҷлили 25-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар дар соли 2026 таъкид гардид.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба сафири Аргентина дар рисолати минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон муваффақият таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan