10 ноябри соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух сафири фавқулода ва мухтори навтаъйини Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остона) Ҳамза Ал-Умариро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Урдун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan