10 ноябри соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори навтаъйини Буркина-Фасо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Москва) Аристид Рапугдондба Людовик Тапсобаро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Буркина-Фасо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Буркина-Фасо дар фаъолияти минбаъдаи дипломатияш дар Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan