Таҷлили рӯзҳои Конститутсия ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

14.11.2025 23:10

14 ноябри соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки кормандон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси замина ва қонуни бунёдии давлат масири ҷомеаи демократӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули сохторҳои ҳокимиятро муайян сохта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат кафили татбиқи ин санад ва арзишҳои он мебошанд.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин зикр кард, ки маҳз ба туфайли Конститутсия, Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф ва тандурустию фарҳанг муваффақ шуд.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат чандин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамаи ин дастовардҳо самараи ҳидоятҳои дурбинона, раҳбарии оқилона ва иродаи матини Пешвои миллат ва таҳкимбахши ҳамгироии миллӣ ва омили асосии рушди устувору шукуфоии кишвар мебошанд.

Ҳамчунин дар фароварди маҷлис роҳбари мақоми сиёсати хориҷӣ сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консулҳои генералии кишвар дар давлатҳои хориҷиро, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъин гардиданд, табрик намуд.

Нигористон

Тақвим