Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири федералии муҳоҷирати Белгия

19.11.2025 12:02

18 ноябри соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федералӣ оид ба паноҳандагон, муҳоҷират, фарогири иҷтимоӣ ва сиёсати шаҳрдории Подшоҳии Белгия хонум Аннелин ван Боссёйт баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот роҷеъ ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва рушди иртиботи тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.

 Дар фарҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Аннелин ван Боссёйт дар ин маврид Ёддошти ҳусни тафоҳумро ба имзо расониданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим