18 ноябри соли 2025 дар шаҳри Брюссел вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои дохилӣ ва муҳоҷират Магнус Бруннер мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории фарогири Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар мавзуъҳои таҳкими марз ва муқовимат ба чолишҳои амниятӣ, аз қабили муборизаи муштарак бо терроризм ва экстремизм, баррасӣ намуданд.
Бо инобати мароми ҷонибҳо дар бобати ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими иртибот, соддагардонии раванди дарёфти раводид ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор дошт.
Муколамаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо Агентии ҳифзи марзи сарҳадӣ ва соҳилии Иттиҳоди Аврупо (FRONTEX) ва Дафтари афсари тамоси аврупоӣ дар умури бозпасгардонии шаҳрвандон дар минтақаи Осиёи Марказӣ (EURLO) баланд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо баҳри идомаи ин равобит омодагӣ иброз намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan