Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олӣ оид ба сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо

20.11.2025 14:59

19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Брюссел мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олӣ оид ба сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо хонум Кая Каллас баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи нерӯи сабз, идомаи муколамаи сиёсӣ ва амниятӣ ва таҳкими пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим