
19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Брюссел вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Прокурори Суди байналмилалии ҷиноӣ хонум Наҷот Шамим Хон баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Суди байналмилалии ҷиноӣ ва тадорукот ба иҷлоси Ассамблеяи кишварҳои узви Статути Рум, ки қарор аст 1-6 декабри соли 2025 дар шаҳри Ҳааги Подшоҳии Нидерланд баргузор гардад, мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan