Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон

04.12.2025 19:48

4 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена дар ҳошияи нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярто баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, инчунин ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар доираи Барномаи бурсиявии Маҷористон барои солҳои 2026 – 2028 ба имзо расониданд, ки тибқи он барои донишҷуёни тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Маҷористон пешниҳод мешаванд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим