
9 декабри соли 2025 дар ш. Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон гузориши даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси татбиқи Конвенсияи 2003 оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва вазъи феълии унсурҳои дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО воридшуда аз ҷониби Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳангии ғайримоддӣ расман қабул дониста шуд.
Арзёбии мусбии гузориши мазкур саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди сиёсати ҳифзу эҳёи мероси ғайримоддӣ эътироф карда, сиёсати устувори кишварро дар ин самт муҳим ва намунавӣ мешуморад.
Гузориши даврии Тоҷикистон дар иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки 8-13 декабри соли 2025 дар шаҳри Деҳлии Нав ҷараён мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, ҳамчун ҳуҷҷати намунавӣ барои дигар кишварҳо тавсия гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan