11 декабри соли 2025 бо ибтикори намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Швейтсария дар қароргоҳи СММ вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони доимӣ ва коршиносони соҳаи об ба ҳам омада, таҳаввулоти калидии марбут ба обро дар соли 2025 ва афзалиятҳои муштаракро барои соли 2026 баррасӣ карданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷ. Ҳикмат дар суханронии худ уҳдадории қавии кишварро ба амалҳои дастаҷамъона дар соҳаи мудирияти захираҳои об тасдиқ карда, ба мушкилоти марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши камбуди об ва норасоии молиявии афзоянда таъкид намуд.
Ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои асосии соли 2026, аз ҷумла Конфронс дар Дакар дар моҳи январ, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк, 4-умин Конфронси оби Душанбе дар моҳи май, ҳамчун чорабинии муқаддамотии Конфронси оби СММ-2026 баргузор мешаванд, зикр ёфт. Илова бар ин, оид ба мизбонии Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон ишора шуда, қайд гардид, ки ҳамаи ин чорабиниҳои мазкур имконияти муҳимро барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об фароҳам меоранд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan