Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн

19.12.2025 16:00

19.12.2025.14.57.png

Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро байни ду кишвари бародар ҷашн мегиранд. Ин марҳилаи муҳим гувоҳи равобити пойдори дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахше мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Ҳамад ибни  Исо Оли Халифа Шоҳи Подшоҳии Баҳрайн рушд ёфтаанд.

Ба ин муносибат, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн аз шарикии устувор ва пойдор байни роҳбарият ва мардумони худ ифтихори бузург доранд. Ин равобит бар пояи эътимод, эҳтироми мутақобила, арзишҳои муштараки инсонӣ ва манфиатҳои умумӣ асос ёфта, пайваста таҳким меёбад ва ҳар ду кишвар ба пешбурди ҳамкориҳо баҳри ояндаи шукуфо, устувор ва дорои манфиатҳои мутақобила алоқаманд мебошанд.

Мубодилаи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд ва робитаҳои пайваста дар тули се даҳсола ба таври назаррас ба ҳусни тафоҳум мусоидат намуда, ҳавасмандии самимӣ ва доимии ҳар ду ҷонибро ҷиҳати рушди шарикии ҳамаҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ инъикос менамояд.

Ҳар ду кишвар аҳаммияти калидии идомаи муколамаи сохториро барои таҳкими ҳамкориҳои мавҷуда, кашфи самтҳои нави ҳамкорӣ, пешбурди навоварӣ ва бархурди муассир ба чолишҳои муосири ҷаҳонӣ эътироф менамоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба оянда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн алоқамандии худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидии мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла тиҷорат ва сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва таҳкими иқтидорҳо, таъкид месозанд. Ҳар ду ҷониб аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаро байни ниҳодҳои дахлдор, дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, барои густариши табодулҳо, омӯзиши имкониятҳои нав ва ташвиқи навоварӣ таъкид мекунанд, то ки пешрафти устувор ва манфиатҳои воқеӣ барои мардумони худ таъмин гардад.

Илова бар ин, ҳар ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD), Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) ва дигар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ, содиқ мемонанд. Ҳар ду ҷониб якҷо ба ташвиқи арзишҳои асосии сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ, рушди устувор ва муколамаи байнифарҳангӣ идома хоҳанд дод.

Дар заминаи талошҳо баҳри оянда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн бо эътимоди қавӣ ва бо такя ба принсипҳои пойдори эҳтироми мутақобила, манфиатҳои муштарак ва рӯҳияи дӯстие, ки аз соли 1995 инҷониб ҷавҳари равобити дуҷонибаро ташкил медиҳад, таъкид менамоянд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар солҳои оянда низ тавсеа ва таҳким хоҳанд ёфт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим