19 декабри соли 2025 дар шаҳри Токио мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон Мотеги Тосимитсу баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои мубрами байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз натиҷаи мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan