Вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон бо котиби иҷроияи СТВТО

19.12.2025 17:14

19.12.2025.17.12.jpg

18 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир бо котиби иҷроияи Созмони паймони манъи ҳамагонии озмоиши силоҳи ҳаставӣ (СТВТО) Роберт Флойд баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ намояндаи доимии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷобир эътимодномаи худро ба котиби иҷроияи он созмон Роберт Флойд супорид. Сипас, ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва СТВТО ибрози назар карданд.   

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим