Ҷамъбасти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025

24.12.2025 16:41

23 декабри соли ҷорӣ дар ш.Минск таҳти раисии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Б. Сафарзода ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025, ки ба таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳод равона гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд гардид, ки дар давоми сол ҷаласаҳои мақомоти олии ИДМ, аз ҷумла нишасти Шӯрои сарони давлатҳо дар ш.Душанбе баргузор гардид.

Як қатор ташаббусҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, экологӣ, инчунин дар самти амният ва муқовимат бо чолишу таҳдидҳо амалӣ карда шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим