Суҳбати телефонии роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

30.12.2025 17:41

10.01.2025.17.12.jpg

30 декабри соли 2025 суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов баргузор шуд.

Зимни суҳбат ҳамкориҳои дуҷониба дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, дурнамои самтҳои муносибатҳо барои соли 2026 муайян гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳо ва дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо истифода аз фурсат ҳамдигарро ба муносибати Соли нави 2026 табрик гуфтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим