14 январи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба М. Микаллер барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan