Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон

16.01.2026 17:19

16.01.2026.17.18.jpg

16 январи соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро бинобар ба охир расидани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва эътимоди муштарак таъкид гардид.

Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба сафир ҷиҳати саҳми мавсуф дар рушди муносибатҳои ду кишвар изҳори минатдорӣ намуда, дар фаъолиятҳои ояндаи касбияш муваффақиятҳо орзу намуд.

 

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим